Охирин хабарҳо

Видеоролики муаррифии факултет

Видеоролики муаррифии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ин намунаи...

Декани факултет

Декани факултет

             Обидов Фозил Саидович: 31 январи...

Кафедраи иқтисод ва идораи туризм

           Кафедраи иқтисод  ва  идораи  туризм ...

Омори сомона

  • Истифодабарандаҳо : 232
  • Маводҳо : 35
  • Маводҳоро диданд : 37780

Таърихи факултет

                 Соли 1954 зарурати кушодани ихтисоси иқтисодӣ дар заминаи факултети хуқуқшиносӣ дар қатори дигар тахассусҳои тадрисшаванда дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба он иртибот дошт, ки дар ҷумхурӣ ба кадрхон баландихтисоси соҳаи иқтисодиёт талабот зиёд гардида буд. Ташкили факултети иқтисодӣ дар соли 1956 дар Донишгох бо ташаббус ва пешниходи академик И.Н.Нарзиқулов, ки худ олими варзидаи иқтисодиёт буд, вобаста мебошад. Моҳи октябри соли 2007 факултетхои иқтисодии ДДМТ 50-солагии таъсисёбиашро чашн гирифта буданд. Маҳз аз вақти дар Донишгоҳ ташкил кардани факултети иқтисодӣ сарҳисоби тахсилоти системавии олии касбии иқтисодӣ ва пешбурди тадқиқоти илмӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба таври васеъ дар ҷумҳурӣ оғоз мегардад.

               Дар ин миён барои пешравии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва таъмин намудани идоракунин бо кадрхои ҳозиразамон, зарурати таъсиси кафедраву ихтисосхои нав ба миён омад. Ин буд, ки бо ташаббуси садорати факултет ва Донишгох аз 1-уми сентябри соли 1959 дар ҳайати факултети иқтисодӣ ихтисоси нав молия ва қарз кушода шуд ва кафедраи иқтисодиёти савдо ва молия ба фаъолият шуруъ кард.

                 Дар солхои баъдина эҳтиёҷи рўзафзуни хоҷагии халк, раванди ривоҷи молия, идоракунии босамари иқтисодиёт, зарурати инкишофи кафедраву факултетхоро ба вучуд овард ва дар иртибот бо ин аз соли 1981 факултети иқтисодӣ ба ду факултети мустакил, яъне банақшагирию иқтисодӣ ва молиявию баҳисобгирӣ тақсим шуд. Баъди чанд муддат, яъне соли 1982 ин факултет боз ба ду: молиявию иқтисодӣ ва бахисобгирию иқтисодӣ таксим карда мешавад.

                Вале аз моҳи октябри соли 1995 боз факултетхои молиявию иқтисодӣ ва бахисобгирию иқтисодӣ муттаҳид карда шуда, факултети молиявию бахисобгирӣ номида мешавад. Бо назардошти зиёд шудани теъдоди донишчуён, дар сатҳи зарурӣ тайёр кардани мутахассисони ба талаботи замон чавобгў ва инчунин таъмини самараноки идоракунии раванди таълим зарурияти дар соли 2002 боз ба ду то факултетхои мустакил, яъне молиявию иқтисодӣ ва баҳисобгирию иқтисодӣ чудо шудани он гардид.

               Ҳар як вақту замон қоидаву тартиботи худро дорад. Қонунхои ҳар як давраи инкишоф барои ташаккули факултет хусусиятҳои хосро ба бор оварданд. Факултети молиявию иқтисодӣ дар тўли фаъолияти худ дар як ҷой қарор надошт. Дар ин солхо факултет ду маротиба ҷойи худро иваз кард. Соли 1988 факултет ба бинои таълимии шаҳраки донишчуён кучонида шуд ва соли 1995 ба бинои таълимии №8, ки имрўз дар он ҷой қарор гирифтааст, оварда шуд.

u 

<Design by KulobSOFT