Охирин хабарҳо

Видеоролики муаррифии факултет

Видеоролики муаррифии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ин намунаи...

Декани факултет

Декани факултет

             Обидов Фозил Саидович: 31 январи...

Кафедраи иқтисод ва идораи туризм

           Кафедраи иқтисод  ва  идораи  туризм ...

Омори сомона

  • Истифодабарандаҳо : 185
  • Маводҳо : 35
  • Маводҳоро диданд : 35459

Декани факултет

 

           Обидов Фозил Саидович: 31 январи соли 1961 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №10 ба номи С. Вализодаи ноҳияи Ховалинг дар совхози «Ховалинг» кор кардааст.

 

         Солҳои 1979-1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар Олмон хизмат карда баъди адои хизмат фаъолияти меҳнатиямро дар совхози «Ховалинг»              давом додааст. Солҳои 1982-1987 факултаи иқтисодию баҳисобгирии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо касби иқтисодчӣ хатм намудааст.

 

         Солҳои 1987-1988 ба ҳайси муҳандиси Маркази иттилоотии ҳисоббарор ва аз соли 1988 то соли 1990 ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисодиёти сиёсии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин кор кардааст.

 

         Соли 1990 ба аспирантураи кафедраи назарияи иқтисодии факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи мазкур дохил шуда баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ дар кафедраи номбурда кори педагогиро пеш бурдааст. Аз соли 1998 мудири шӯъбаи «Молия ва қарз»-и факултаи молия ва баҳисобгирии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ва аз соли 2000  мудири кафедраи «Фаъолияти бонки»-и Донишгоҳро ба ўҳда дошт.

 

         Дар айни ҳол узви Шўрои олимони факулта мебошад. Аз моҳи феврали соли 2000 то айни замон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур  мебошад.

 

         Барои хизматҳои шоёну фаъолияти башардустона бо медали «Барои меҳнати шоён» ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

 

Оиладор буда ҳафт фарзанд дорад.

<Design by KulobSOFT