Охирин хабарҳо

Видеоролики муаррифии факултет

Видеоролики муаррифии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ин намунаи...

Кафедраи иқтисод ва идораи туризм

           Кафедраи иқтисод  ва  идораи  туризм ...

Кафедраи Молия ва қарз

              Кафедраи молия ва...

Омори сомона

  • Истифодабарандаҳо : 3000
  • Маводҳо : 32
  • Маводҳоро диданд : 81202

Таърихи кафедраи менеҷменти молиявӣ

 

Соли 2007 бо сабаби васеъ гаштани доираи фаъолияти факултети молиявию иқтисодӣ, зиёд шудани шумораи донишҷӯён, миқдори соатҳои таълимӣ, зарурияти тайёр намудани мутахассисон аз рӯи самтҳои нави тараққиёти илми молиявӣ ва фаъолияти амалӣ, инчунин бо қабул кардани нуфузи нави менеҷменти молиявӣ дар доираи тайёр кардани кадрҳое, ки ба шартҳои нави иқтисодӣ бояд ҷавобгӯ бошанд, дар заминаи кафедраи молия ва қарз ду кафедраи нав, яъне кафедраи молия ва менеҷменти молиявӣ таъсис дода шуданд.

Ҳоло дар кафедраи менеҷменти молиявӣ устодон ва кормандони зерин фаъолият доранд: д.и.и., профессор Султонов З., н.и.и., дотсент Давлатшоев О.Ҳ., н.и.и., дотсент Алимардонов ӯ., н.и.и., дотсент Ҳикматов С.Ҳ , маллимони калон – Давлатмуродов Ш.М., Ҷураев Г., ассистентон – Ҳакимов И.Б., Турсунов И.Х., Саъдизода Ҷ., Маҳмаризоиён С, Қодиров М., Ҳусейнов И. лаборант – Сафарова М.

Айни ҳол дар заминаи кафедраи менеҷменти молиявӣ аз рӯи ихтисоси молия ва қарз бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, мутахассисиони дараҷаи бакалавр, магистр ва доктор PhD аз рӯи ихтисос омода карда мешаванд.

Айни ҳол дар кафедраи менеҷменти молиявӣ 18 фанни таълимӣ, ки аз он 13 фанни ҳатмӣ ва 5 фанни интихобӣ мебошанд, мавриди амал қарор дода шудаанд. Фанҳои мазкур дар асоси барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ (силлабусхо) таълим дода мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барномаҳои таълимӣ  дар асоси талаботи Стандарти давлатии таълимии самти 2501 “Иқтисодиёт ва идора” ихтисоси 1-25010400-«Молия ва қарз», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28.12.2017 таҳти №18/135 тасдиқ карда шудааст, тартиб дода шудаанд. Стандарти таълимии ихтисоси молия ва қарз тибқи низоми кредитии таълим аз ҷониби устодон Давлатшоев О.Ҳ. ва Одинаев Ф.Ф. таҳия шудаанд.

Барномаҳои таълимии фании кафедраи менеҷменти молиявӣ «Буҷети мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «Буҷет ва низоми буҷетӣ»,«Инвеститсия»,«Менеҷменти молиявӣ», «Қарзи давлатӣ», «Молияи корхонаҳо», «Идора ва баҳодиҳии ба ҳолати молиявии корхона», «Низоми хазинадорӣ», «Бозори молиявӣ», «Молияи соҳибкорӣ», «Молияи фондҳои мақсадноки давлатӣ», «Молия», «Таҳлили иҷроиши буҷети давлатӣ», «Молияи сохтори хоҷагӣ», «Фаъолияти биржа», «Асосҳои саводнокии молиявӣ», «Ҳисоббарориҳои молиявӣ», «Буҷет ва хазинадорӣ»бо қарори Шӯрои илмию методии ДМТ аз аз 01.04.2015, протоколи № 04ба чоп тавсия шудаанд.Дар асоси барномаҳои таълимӣ барномаҳои корӣ (силлабусҳо)  дар маҷлиси кафедра ва Шӯрои илмию методии факултети молиявию иқтисодии ДМТ  барои чоп тавсия шуда, мавриди амал қарор дода шудаанд.

Дастури методӣ барои навиштан, барасмиятдарорӣ ва ҳимояи корҳои курсӣ ва кори хатмкунии донишҷӯён аз ҷониби устодони кафедра таълиф шудааст, ки тахассуси молия ва қарзро фаро гирифта,мавриди амал қарор дода шудаанд. Инчунин, дастурҳои методӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ низ чоп гардидаанд.

Тибқи нақшаи таълимӣ корҳои мустақилонаи инфиродӣ барои ҳамаи фанҳои таълимӣ тартиб дода шуда, истифодаи самараноки онҳо бо тариқи ҷалби мавод аз мақомоти идораи молиявӣ, аз ҷумла сохтори идораи мақомоти молия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои фаъолияти онҳо, тартиби пеш бурдани фаъолияти молиявӣ ба роҳ монда мешавад.

Сифати дарсҳои лексионӣ ва амалӣ аз тарафимудири кафедра ва аъзоёни шурои илмию методии факултет зери назорат қарор доранд. Аз он ҷумла, барои беҳтар намудани сифати таълим дарсҳои муаллимони ҷавон ассистентон Ҳакимов И., Турсунов И., ҶаҳоншоҳС., Қодиров М.  аз тарафиустодониботаҷрибаи кафедра таҳлил гардида маслиҳатҳои муфид дода мешаванд.  Хулосаи таҳлили дарсҳои муаллимони ҷавон дар дафтари иштирок ба дарсҳои ҳамдигари устодони кафедра қайд гардидааст.

Мутобиқи нақшаи кории кафедра ҷадвали гузаронидани дарсҳоикушодамал менамояд. Дарсҳои кушоди устодон Давлатшоев О.Ҳ., Алимардонов У., Ҳикматов С., Давлатмуродов Ш.М. аз тарафи  шӯрои илмӣ – методии факултет таҳлил гардида, сазовори баҳои баланд гардиданд. Яъне, ҳамаи устодони кафедра дар иҷрои корҳои методӣ аз навсозӣ ва мукамалгардонии тестҳои санҷишии фанҳо, тайёр намудани барномаҳои таълимию корӣ аз курсҳои махсус фаъолона иштирок менамоянд.

Мавзӯи асосии кори илмӣ-тадқиқотие, ки аз рӯи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст «Такмилдиҳии сиёсати молиявию қарзии ҶТдаршароитиимрӯза» (роҳбари илмӣ: н.и.и., дотсент Давлатшоев О.Ҳ.)  ном дорад. Масъала аз як мавзуъиборатбуда, барои иҷрои он ҳамаи устодони кафедра сафарбар карда шуда буданд. Номи мавзӯъ «Такмилдиҳии самтхои асосии сиёсати молиявию карзии  давлатӣ дар давраи ҳозира» мебошад, киба 7 қисмҷудо карда шудааст.

Вобаста ба мавзӯи тадқиқшаванда дар заминаи кафедраи менеҷменти молиявӣ 2 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ва 1 мизи гирд баргузор гардид.

Тибқи нақшаи корҳои илмӣ дар заминаи кафедраи менеҷменти молиявӣ 5-уми декабри соли 2015 конференсияи илмӣ-амалӣ ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон: далелҳо, муаммоҳо ва андешаҳо» баргузор гардид.

Дар конференсия масъалаҳои такмили низоми молиявию буҷетӣ, роҳҳо ва усулҳои ташаккулёбии бозори хадамоти молиявӣ дар мамлакат, муаммоҳои ташаккулёбии бозори суғурта дар шароити муосири рақобати бозорӣ, хусусияти сиёсати молиявию буҷетӣ ва ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммалёбии механизмҳои молиявӣ-қарзӣ ва нақши онҳо дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ, муаммоҳои такмили механизмҳои андозӣ, муносибатҳои берунииқтисодии ҷумҳурӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: муаммоҳо ва ҳадафҳои стратегӣ, масъалаҳои рушди туризм, механизмҳо ва рукнҳои асосии таъмини рушди босуботи иқтисодӣ мавриди баҳси илмӣ ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар заминаи кафедра рӯзҳои 22, 24-уми япрели соли 2017 конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: назария ва амалия» бо иштироки фаъоли устодони кафедра баргузор гардид. Маводи конфронс дар шакли маҷмуа чоп гардид.

Санаи 7 – уми декабри соли 2017 дар заминаи кафедра мизи гирд дар мавзӯи «Сиёсати молиявию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: натиҷаҳо ва дурнамо» баргузор гардид.Дар мизи гирд масъалаҳои такмили механизмҳои молиявӣ-қарзӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ, натиҷаҳо ва дурнамои сиёсати молиявии мамлакат мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Дар конфренсияи илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бахшида ба «Ҳафтаи илм», ки дар ДМТбаргузор мегардад, дар кори он устодон, аспирантон, донишҷӯён иштирок ва фаъолона баромад менамоянд. Фишурдаи баромади устодон дар маҷмӯаи маводи конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ ҳамасола нашр гардидааст.

Дар таи солҳои охир якчанд аспиратони кафедра рисолаҳои илмии худро ба ҳимоя пешниҳод намуданд.

Дар таърихи 27-уми декабри соли 2016 аз рӯи ихтисоси 08.00.05- «Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ» дар кафедра рисолаи номзадии аспиранти кафедра Кабиров С. муҳокима шуда, ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳимоя пешниҳод карда шуд.

Дар таърихи 30-юми июни соли 2017 аз рӯи ихтисоси 08.00.05- «Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ» дар кафедра рисолаи номзадии аспиранти кафедра Сайдалиев Ш. дар мавзуи “Организационно экономические основы развития здравохранение в условиях рыночной экономики (на материалах РТ)” муҳокима шуда, ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ҳимоя пешниҳод карда шуд.

Дар таърихи 15-уми сентябри соли  2018 аз рӯи ихтисоси 08.00.05- «Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ» дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D/KOA-020-и назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,  аспиранти кафедра Якубов М.М. дар мавзуи “Социально-экономический механизм формирования эффективности системы оплаты труда и мотивации сотрудников банковской системы” рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд.

              Самтҳои тадқиқоти илмӣ ва таълимии кафедра барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ аз рӯи  фанҳои тахассусӣ  равона шуда буд. Дар ин ҷода аз тарафи олимон ва ҳайати устодони кафедра корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Олимон ва муаллимони  кафедра тайи ин солҳо чандин асарҳои илмию методии калонҳаҷм, монография, воситаҳои таълимию методиро таълиф намуданд. Ғайр аз монография  ва китобҳои дарсӣ олимони кафедра дар  маҷаллаю рӯзномаҳои ватанӣ ва бурунмарзӣ мақолаҳои илмӣ чоп кардаанд.

              Ҳоло дар кафедра аз аксарияти фанҳои тадрисшаванда ба монанди фанҳои  молия, молияи корхонаҳо, буҷет ва низоми буҷетӣ китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, бо забони давлатӣ, аз ҷониби устодони кафедра Алимардонов ӯ., Ҳикматов С.Ҳ., Давлатшоев О.Ҳ., Ҷураев Г. таълиф шуда, пешниҳоди завқмандони илми молия гардидаанд. Ин китобҳо барои донишҷӯёни макотиби олии тахассуси иқтисодӣ, аспирантон ва омӯзгорон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин барои доираи васеи шахсони ба масъалаҳои молиявӣ, идораи андозҳо ва суғурта ҳавасманбуда бахшида шудаанд.

              Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Менеҷери молиявӣ” бо роҳбарии Саъдизода Ҷ. ва маҳфили илмии устодони соҳибтаҷриба, н.и.и., дотсентон Алимардонов ӯ. ва Ҳикматов С.Ҳ. амал менамояд.

Кафедраи менеҷменти молиявӣ айни замон бо кафедраҳои тахассусии макотиби олии кишвар ва хориҷа ҳамкориҳои судмандро ба роҳ гузошатааст.

Донишҷӯёни ихтисоси молия ва қарз ҳамчун анъана дар ҳамаи озмунҳои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда созовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Номгӯи беҳтарин ва пурарзиштарин воситаҳои таълимӣ дар кафедраи менеҷменти молиявӣ инҳоянд:

  1. Алимардонов У. Воситаи таълимӣ, “Молия”//Душанбе, ҶДММ“Азия-принт”,2014, дарҳаҷми 291саҳифа.
  2. Алимардонов У. Воситаи таълимӣ, “Финансы”//Душанбе, ҶДММ“Азия-принт”,2015, дар ҳаҷми 291саҳифа.
  3. Ҳикматов С., Давлатшоев О.Ҳ. Воситаи таълимӣ, Молияи корхонаҳо // Душанбе, «Матбаа», соли 2012  дар ҳаҷми96 саҳифа.

 

Дар тахассуси молия ва қарз 9 нафар устодони кафедра ҳамчун куратори гурӯҳҳо вобаста карда шудаанд. Мутобиқи нақшаи кории кафедра баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ ба роҳ монда мешаванд.

Омӯзиши маърӯзаҳо, баромадҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гурӯҳҳои таълимӣ аз он ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» дар асоси фармоиши ректори ДМТ, дар нақша-чорабинии тарбиявии кураторон ба нақшагирифта, мавриди амал қароргирифтаанд. Маърузаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳамаи гуруҳҳои академӣ омӯхта шуда, суратмаҷлисҳо тартиб дода шудаанд ва  дар дафтардории алоҳидаи ҳар як куратор мавҷуданд.

 

<Design by KulobSOFT