Охирин хабарҳо

Видеоролики муаррифии факултет

Видеоролики муаррифии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ин намунаи...

Кафедраи иқтисод ва идораи туризм

           Кафедраи иқтисод  ва  идораи  туризм ...

Кафедраи Молия ва қарз

              Кафедраи молия ва...

Омори сомона

  • Истифодабарандаҳо : 3361
  • Маводҳо : 35
  • Маводҳоро диданд : 83789

Фаъолияти кафедраи фаъолияти бонки

Бо назардошти беҳтар намудани раванди таълимию методӣ,омода намудани кадрҳои лаёқатманд дар соҳаи бонкдорӣ, дар пояи кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраи фаъолияти бонкӣ бо фармони ректори Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон таҳти №150-09 аз 24 июни соли 1999 дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, кизиёда аз 20 солмешавад, ки фаъолият намуда истодааст.

Фаъолияти илмии кафедра аз оғози таъсисёбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, устодони кафедра ҷиҳати иҷроиши самтҳои муайяннамудаи илмӣ корҳои илмӣ анҷом дода истодаанд.

Ба ҳайси аввалин мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ н.и.и., дотсент Ҳисайнов Содиқ Давлатович соли 1999 таъин карда шуд ва то моҳи июни соли 2002 дар ин вазифа фаъолият намуд.

Аз 17-уми июни соли 2002-юм то 1-уми феврали соли 2009- бо фармони ректори Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон таҳти№11  вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ ба ӯҳдаи н.и.и., дотсент Обидов Фозил Саидович вогузошта шуд.Обидов Фозил Саидович то соли 2010 роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 2010 то соли 2015 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобоев Ш.Н. ба ӯҳда дошт.

Аз соли 2015 вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бердиев Р.Б. баӯҳда дошт. Аз моҳи марти соли 2019 и.в. мудири кафедра н.и.и., дотсент Сайфуров К.Ф. таъин гардидааст.

Дар раванди фаъолияти кафедра устодони зиёд ба монанди дотсентон: Ҳисайнов С.Д., Умаров Х., Давлатов Ш.О., Шарифов Ҳ., Иброҳимов И., ба донишҷӯён дарс гуфтаанд.. Айни замондар кафедра академик Қаюмов Н.Қ., д.и.и., профессорон Обидов Ф.С.,Ҳикматов У.С.,н.и.и., дотсентСайфуров К.Ф., м/к Худойназаров Д.А., м/к Имомназарова Т., ассистентон Ғаюров Ғ.Ҳ.,Майдаева М.С., Маҳмадов О.С., Одинаев С.П., Файзуллоев М. ва дигар устодони ба сифати ҳамкорфаъолият намуда истодаанд.

Мақсади асосии ташкилдиҳии кафедра мутамарказонидани раванди таълим оиди ихтисоси фаъолияти бонкӣ бо назардошти нишондодҳои таълимию-методӣ ва талаботҳои амалии бозори молиявӣ, наздиксозии таъминоти донишҷӯён ба шароитҳои ташкилию идорасозӣ  ва талаботҳои кор дар ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми фаъолияти корӣ ба кафедра муяссар гардид, ки ҳамзамон бо нигоҳ доштану қабули нави кадрҳо, гузаронидани корҳои методӣ таъмини  раванди  таълим, тайёр намудани мутахассисони ҷавон бо гузаронидани корҳои илмӣ масъалаҳои ташаккули кафедраро ҳал намояд.

Дар натиҷа коллективи мустаҳкам ва дустона ташкил гардидааст, ки аз уҳдаи ҳалли вазифаҳо ва супоришҳоироҳбарияти Донишгоҳ вобаста ба такмил додани раванди таълим, бунёдкориҳо ва эҷодкориҳо мувофиқи шароитҳои нави ҷавобгӯ ба талаботҳоимуосирамал намуда истодааст.

Имрӯз кафедра дар самти мустаҳкамгардонӣ ва таъмини суботи асъори миллӣ, кафолати рушди бемайлонӣ муассисаҳои қарзӣ фаъолияти илмӣ – амалӣ намуда истодааст.

 

<Design by KulobSOFT