Охирин хабарҳо

Видеоролики муаррифии факултет

Видеоролики муаррифии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ин намунаи...

Декани факултет

Декани факултет

             Обидов Фозил Саидович: 31 январи...

Кафедраи иқтисод ва идораи туризм

           Кафедраи иқтисод  ва  идораи  туризм ...

Омори сомона

  • Истифодабарандаҳо : 608
  • Маводҳо : 35
  • Маводҳоро диданд : 52931

Фаъолияти кафедраи иктисод ва идораи туризм

Факултети молиявию иҚтисодӢ

кафедраи иҚтисод ва идораи туризм

ҲИСОБОТИ

СОЛОНАИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОД ВА ИДОРАИ ТУРИЗМ» ОИДИ КОРҲОИ ИЛМӢ ТАДҚИҚОТӢ ДАР СОЛИ 2014


 
 

Дар кафедраи «Иқтисод ва идораи туризм» дар соли 2014 - 11 нафар устодон кор ва фаъолият карда истодаанд. Аз инҳо 6 нафар номзади илм, дотсент, 1 муаллими калон, ва ассистентон-4 нафар. Синну соли миёнаи устодон дар кафедра 45,8 сол аст.

Дар ҷараёни пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 11 нафар устодон фаъолият намуда истодаанд. Шурӯъ аз оѓози соли 2014як нафар ассистентони нав ба кор омада (Азимов Б.), ба кори илмӣ ҷалб карда мешаванд. Инчунин 2 нафар аспирант (Ганиев Д. М. ва Лейло Ёраҳмадӣ(аз Ҷумҳурии исломии Эрон)) низ ба корҳои илмии кафедра ҷалб карда шудаанд.

Масоили асосии кори илмӣ-тадқиқотие, ки аз рӯи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шудааст «Ташкили ҳудудии истеҳсолот:ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, туризм ва рекреатсия»маҳсуб меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи таҳлилотҳо дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки дорои иқтидорҳои бузурги туристию рекреатсионӣ буда, тамоми заминаҳоро ҷиҳати рушди соҳа дорад. Дар асоси дороии сарватҳои туристию рекреатсионӣ ба тарзи самаранок ҷойгирнамоии иншоотҳои инфрасохтори туристӣ ва дар заминаи он ташаккули соҳаи туризм ҳамчун соҳаи афзалиятнок, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои дахлдор маҳсуб меёбад.

Гузашта аз ин, омоданамоии мутахассисони соҳибкасб дар барномаҳои давлатӣ ҷой дода шуда, мутобиқ ба он ихтисосҳои марбут ба соҳа дар донишгоҳу донишкадаҳокушода шудаанд.

Боиси зикр аст, ки вазъи иқтисодии ҷаҳон ба ташаккули минбаъдаи тамоми сохторҳои хоҷагии халқи кишвар таъсири манфӣ расонидааст. Новобаста ба ин бо мақсади беҳдошти вазъи иқтисодӣ ва баландбардории имкониятҳои содиротӣ аз ҷониби давлат маблаѓгузориҳо барои ҳамаи соҳаҳо ба чашм мерасад. Албатта, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи иқтисоди бозориро пеша кардааст, ба муносибатҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба суръати рушди иқтисодӣ такони чиддӣ медиҳад, мӯҳтоҷ аст. Таъсири ҳолати иқтисоди ҷаҳонӣ (вобаста ба ноооромии сиёсии минтақаҳо, ногувории муносибатҳои бархе аз кишварҳое, ки локомотиви пешрафти иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб мераванд)бештар ба соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ ба чашм мерасад.

Боиси зикр аст, ки тӯли солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии миллии кишвар дастовардҳо ба чашм мерасад, ки ин таҷассумгари рушдии босуботи иқтисодӣ маҳсуб меёбад ва дар ин замина аз ҷониби устодони кафедра ҳангоми пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ чунин пешниҳодҳои илмӣ оварда шудаанд:

- алҳол дар ҷумҳурӣ комплекси миллии туристӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ зарур аст, то ин гуна комплекс дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ташкил гардида, тамоми шароитҳо дар он муҳайё гардонида шавад;

- азбаски яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ, соҳаи пахтакорӣ маҳсуб меёбад, зарур аст, то дар минтақаҳои пахтакор комплексҳои истеҳсолии сикли пурра, яъне аз коркарди аввалия то расонидан ба маҳсулоти ниҳоӣ, бунёд карда шавад;

- мутаассифона, дар бархе аз минтақаҳои кишвар заминҳо босамар истифода намегарданд, аз ин рӯзаминҳое, ки аз ҷониби аҳолӣ бемақсад истифода мешавад, бозпас гирифта шавад;

- бо мақсади баландбардории самаранокии истеҳсолот ташкили занҷири истеҳсолӣ дар минтақаҳо ба ;

- чун арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст, мебояд заминҳои кишти он зиёд карда шуда, хирмангоҳҳо, ки барои хушконидани пахта истифода мегардид ва ҳоло ба аҳолӣ ба тариқи ѓайриқонунӣ фурӯхта шудааст, бозпас гирифта шавад;

-  ҳоло зиёда аз панҷ ҳазор гектар замин дар водии Вахш ба шӯршавӣ гирифтор шудааст ва агар пеши роҳи он гирифта нашавад, пас ин хатар боз ба 15 ҳазор га. таҳдид менамояд. Аз ин рӯ андешидани чораҳои агротехникӣ ҷиҳати пешгирии ҷараёни шӯршавии заминҳо, яке аз вазифаҳи муҳим аст, ки бояд дар барномаҳои давлатӣ ҷой дода шаванд;

- дар бахши туризм молиякунонӣ ҷиҳати ташаккули инфрасохтори туристӣ муҳим аст;

- агар осоишгоҳҳои Тоҷикистон таҷдид карда нашаванд, самараи иқтисодии хуб ба бор намеоранд. Аз ин рӯ мебояд онҳо мувофиқ ба стандарти байналхалқӣ бошанд;

- қарорҳои нисбати ташаккули соҳаи туризм қабул гардида, бояд тадбиқи амалии худро пайдо намоянд;

- бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар бахши бизнеси туристӣ мебояд, дар ҷараёни ташкили фаъолияти муассиса сабукиҳо пешниҳод гарданд;

- зарур аст, то дар минтақаҳое, ки сарватҳои туристӣ-рекреатсионӣ ҷойгир шудаанд, осоишгоҳҳо ва фароѓатгоҳҳо бунёд шуда, хизматрасонии ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ амалӣ карда шаванд;

- дар минтақаҳои туристии мамлакат ташкили кемпингҳо, меҳмонсароҳо метавонад ба ташаккули соҳа замина гузорад;

- барои рушди соҳаи ҷойгиркунонӣ таъсиси хостелҳо, ки ба ташаккули туризми дохилӣ мусоидат менамояд, ниҳоят муҳим аст;

-  вазъи экологии шаҳри Душанбе ба талаботҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуда, табъи сайёҳони хориҷиро коста мегардонад. Тамоми ҷӯйборҳою обравҳои шаҳр (ба ҷузъ марказ) ба партовгоҳ табдил ёфтаанд;

- бобати аз нав кор карда баромадани массаҳои пластикӣ (полимерҳо) ва дар асоси он ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ чораҳо андешида шавад.

Дар конфренсияи илми  назариявии ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бахшида ба рӯзи илм «23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки моҳи апрели соли 2014 баргузор гардид, дар кори он ҳамаи устодони кафедра иштирок доштанд.

Дар соли ҷории 2014-умустодони факултет инчунин дар конфронсҳою машваратҳои байналмиллалӣ иштирок намудаанд.Чунончӣ дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи туризм Ёров Ҷ.Н. дар конфронсибайналмиллалӣ, ки 13-18-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сеул (Ҷумҳурии Корея) оид ба таълифоти китобҳои дарсӣ баргузор гардид, иштирок намуда, дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Корея: ҳамкорӣ ба хотири фардо» маърӯза намудааст. Ҳамзамон дар маводҳои конфронси байналхалқии илмие, ки дар шаҳри Барнаул (Федератсияи Россия) баргузор гардид мақолаҳои илмии дотсентон Ёров Ҷ.Н. ва Сайфуллоев Н.Н. чоп гардиданд. Дар баробари ин 27-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба рӯзи туризми байналмиллалӣ, ки дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор гардид дотсент Сайфуллоев Н.Н. бо маърӯзаи илмӣ баромад намудааст.

Дотсент Диловаров Р. аз 28-уми июл то 3-юми август дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, ки конфронси байналмиллалии илмии назариявӣ ба муносибати 90-солагии Донишгоҳи географии Санкт-Петербург дар мавзӯи «Тадқиқотҳои муосири географӣ» баргузор гардид, иштирок намуда, оиди мавзӯи «Рекреационные ресурсы как основа лечебно-оздоровительного туризма Южного Таджикистана» баромад намудааст.

Инчунин дотсенти кафедра Сайфуллоев Н.Н. 26-уми июни соли 2014 дар толори меҳмонхонаи  «Серена», ки дар мавзӯи «Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ ва ҳамзамон 29-уми сентябри соли 2014 дар конфронси байналмиллалӣ бахшида ба «Тоҷикистони меҳмоннавоз-кишвари туризм» баргузор гардид, иштирок намудааст.

         Боиси зикр аст, ки устодони кафедра вобаста ба масъалаҳои мубрами замони муосир, яъне масъалаҳои муосири иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба монанди раванди ташаккулёбии туризм, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энерҷӣ, истифодаи босамари захираҳои иқтисодӣ ва  проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ, ба монанди проблемаҳои экологӣ (бахусус гармшавии иқлими сайёра ва таъсири он ба шароитҳои иқлимии Тоҷикистон), демографӣ, маҳдудшавии захираҳои иқтисодии ҷаҳон  дар симо ва садо пайваста баромад намуда, ҷиҳати ҳалли ин гуна проблемаҳои пешниҳодҳои илмӣ баён менамоянд. (Диловаров Р., Ёров Ҷ. ва Сайфуллоев Н.).

Инчунин устодони кафедра Диловаров Р., Сайфуллоев Н.Н., Ёров Ҷ. Н. тақризнависиро ба мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳои илмии аспирантон ва кори дипломии донишҷӯёни дигар макотиби олӣ ба ӯҳда доштанд. Дотсенти кафедра н.и.г., дотсент Диловаров Р. аъзои Шӯрои дифоии 250024 – Географияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рекреатсионӣ ва сиёсӣ, ки дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият менамояд,  мебошад (ҳоло мувақатан фаъолияташ қатъ гардидааст). Инчунин устодони унвондори кафедра мунтазам ба барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмию методии устодони дигар факултетҳо ва дигар макотиби олӣ тақриз менависанд.

Ҳамзамон устодони кафедра ба аспирантон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун роҳбари илмӣ мебошанд.

Дар давраи соли ҳисоботӣ аз ҷониби дотсентони кафедра Диловаров Р., Ёров Ҷ.Н. ва Сайфуллоев Н. китоби дарсӣ аз фанни «Асосҳои туризм» бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро ҳамчун китоби дарсӣ тавсия намудааст, дар ҳаҷми 140 саҳифа аз чоп бароварданд, ки он ҳоло дастраи донишҷӯён гардидааст. Китоби мазкур фарогири мӯҳтавои мавзӯоти вобаста ба туризм буда, ҳангоми хондани он дар мафкураи донишҷӯён донишҳои мушаххас оид ба моҳияти туризм ва нақши он дар таркиби иқтисоди миллӣ падид меояд.

         Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён«Сайёҳ» амал мекунад, ки ба ҳайати он тамоми донишҷӯёни ихтисоси туризм шомиланд. Соли 2014 кафедра бо кафедраи «Туризм»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи иқтисоди туризм ва хизматрасонии ДСХ муносибатҳои мустақилонаи илмӣ барқарор намуда аст. Кормандони ин кафедраҳо дар коркарди самтҳои асосии проблемаи кафедра ҳамкорӣ карда истодаанд.

         Дар ҳайати маҳфили сайёҳи кафедра ҳамаи донишҷӯёни бахшҳои 1-4 шӯъбаи иқтисод ва идораи туризм дохиланд, ки онҳо дар равияҳои гуногуни туризм ва рекреатсия бо мавзӯъҳо баромад карда истодаанд.Аз ҷумла 10 нафари онҳо дар конфронси умумидонишгоҳии апрелӣ, ки бахшида ба «Рӯзи илм» чун анъана ҳамасола баргузор мегардад, оиди минтақаҳои туристию рекреатсионии Тоҷикистон баромад намуданд. Барои шиносоӣ ба паҳлӯҳои гуногуни равияҳои илмӣ оди ташкили ҳудудии туризм донишҷӯён ба минтақаҳои туристию рекреатсионии Варзоб, Ромит, мамнӯъгоҳи Ромит, минтақаи табиию таърихии Ширкент, инчунин дар намоишгоҳҳои умумиҷаҳонии  соҳавии байналхалқӣ иштирок намуданд. Инчунин 27-уми сентябри соли ҷорӣ аъзоёни маҳфил вобаста ба нақша чорабинӣ, бахшида ба «Рӯзи байналхалқии туризм», намоиши маҳсулотҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуданд. Рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ дар кохи Ҷомӣ бахшида ба рӯзи ҷавонон намоишномаи маҳсулотҳои туристӣ баргузор гардид, ки аъзоёни маҳфили Сайёҳ дар масоҳати 20 м2 «мизи туристӣ» оростанд ва азбаски он озмунӣ буд, сазовори ҷои аввал гардиданд.

Ҳамаи ин чорабиниҳо дар асоси барнома-чорабиниҳои гурӯҳӣ ва маҳфили «Сайёҳ» -и назди кафедра амалӣ гардонида мешавад.

<Design by KulobSOFT