Охирин хабарҳо

Видеоролики муаррифии факултет

Видеоролики муаррифии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ин намунаи...

Кафедраи иқтисод ва идораи туризм

           Кафедраи иқтисод  ва  идораи  туризм ...

Кафедраи Молия ва қарз

              Кафедраи молия ва...

Омори сомона

  • Истифодабарандаҳо : 3610
  • Маводҳо : 35
  • Маводҳоро диданд : 89109

ТАБРИКНОМА

ИҚТИБОСҲО АЗ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Э.РАҲМОН ВОБАСТА БА НАВРӮЗ!

Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи аҷдодии мо буда, сароғози рӯзу соли нав аст.

Таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад.

Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.

Вобаста ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз, ки ҷаҳони гаштааст, кулли ҳамватанони азизро табрику муборакбод мегӯем!

<Design by KulobSOFT